Таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз”

28 октябр 2021

Ҳамасола санаи 31-уми октябр дар ҷаҳон ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” (World Savings Day) ҷашн гирифта мешавад.

Мақсад аз таҷлил ва баргузор намудани чорабинӣ дар доираи “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” васеъ кардани имконияти наврасону ҷавонон ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мебошад.

Бахшида ба санаи мазкур аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки доираи васеъи ҷавонон ва донишҷуён дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ сардори шуъбаи сиёсати амонатии Идораи амонатҳо, пардохтҳо ва қоғазҳои қиматнок Зайниддинов А.Н. оид ба таърихи ташкилёбии Амонатбонк, ки дар асоси кассаҳои қарзӣ - амонатгузорӣ   ташкил ёфта, фаъолияти   худро аз соли 1885   оғоз намудааст ба иштирокчиён маълумот доданд.

Гуфта шуд, ки Амонатбонк дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат як қатор хизматрасониҳои бонкиро ба аҳолии кишвар пешниҳод менамояд. Аз он ҷумла пардохти нафақа, музди меҳнати корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ, пардохти кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, оилаҳои аз офати табиӣ зарардида, қабули маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла андозҳо, маблағҳои коммуналӣ, маблағи Маркази миллии тестӣ, боҷҳои гумрукӣ, маблағ барои шиносномаҳои миллию хориҷӣ ва ғайра. Дар маҷмуъ хизматрасониҳои Амонатбонк зиёда аз 200 номгуйро ташкил медиҳад.

Инчунин оид ба намуди пасандозҳо, фоизи он ва манфиати кушодани пасандоз дар Бонк алалхусус оид ба пасандозҳои “Муҳлатнок”, “Ҷамшаванда”, “Муҳлатнок бо пардохти иловагӣ”, “Муҳлатноки кудакона”, “Муҳлатноки нафақавӣ” ва “Муҳлатноки ҳамватани бурунмарзӣ” , ки дар Амонатбонк амал менамоянд ба иштирокдорон маълумоти муфассал дода шуд.

Иқтисодчии пешбари шуъбаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дохилии Департаменти қарздиҳӣ Сатторов Б.Ҷ. оид ба хизматрасонии овердрафтии Бонк ва қарзҳои имтиёзнок бо фоизҳои дастрас, ки аз ҷониби Амонатбонк ба мизоҷон пешниҳод мегардад маъруза намуда, қайд намуданд, ки БДА ҶТ “Амонатбонк” баҳри рушди соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳмгузор буда дар ин самт пайваста қарзҳои имтиёзнокро бо фоизи паст аз ҷумла дар доираи иқдомҳоии “Кишоварз-2021”, “Истиқлол-30”, “Дониш-2021” пешниҳод намудааст.

Оид ба хизматрасонии муосири бонкӣ “Амонат-мобайл” ва пардохти ҳақи зиёда аз 20 намуди хизматрасониҳо тавассути он, иқтисодчии пешбари шуъбаи пардохтҳои фосилавии Идораи амонатҳо, пардохтҳо ва қоғазҳои қиматнок Иззатзода Ш.Қ. баромад намуда, тарзу услуби истифода намудани барномаи мобилии мазкур дар тахтаи электронӣ ба иштирокдорони чорабинӣ намоиш дода шуд. Ҷавонону донишҷуён ба барномаи “Амонат-мобайл” мароқи зиёд зоҳир намуда дар якҷоягӣ онро аз плей маркет тавассути QR-код зеркашӣ намуданд.

Дар чорабинии омӯзишӣ бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз” ҷавонону донишҷуён фаъолона ширкат варзида ба суолҳои сершумори хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар баробари тақдими маводҳои тарғиботӣ ва армуғонӣ ба кулли иштирокчиён, се нафар иштирокчии фаъоли чорабинии омӯзишӣ бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардида ба номи 3 нафар ҷавони фаъоли дигар бошад дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” суратҳисоби пасандози “Муҳлатнок” кушода шуд.

Ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани дониш ва маърифати молиявии аҳолӣ аз он ҷумла наврасону ҷавонон мусоидат намуда, эътимоди онҳоро ба бонкҳои кишвар бештар мегардонад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк