Конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, пешгирии хавфҳо ва иқтисоди сабз (ESG)»
Давоми моҳи октябри соли 2026, таҳти раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин замина, бо ташаббуси бевоситаи Амонатбонк ҳамчун бонки аъзои ИББ СҲШ ва намояндагони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкӣ, ҳамчунин бо иштироки васеъи намояндагони бонкҳои тиҷоратии кишвар ва ширкатҳои ватанӣ, санаи 10 июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Румӣ” конфронси соҳавии бонкҳои аъзои ИББ СҲШ дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, пешгирии хавфҳо ва иқтисоди сабз (ESG)», баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ аз ҷумла котиботи СҲШ, ҶСК «Беларусбанк», Корпоратсияи инфрасохтори молиявии Ҳиндустон, ҶС «Бонки рушди Қазоқистон», Бонки давлатии рушди Хитой, ҶСК «Элдик Бонк»-и Ҷумҳурии Қирғизистон, Корпоратсияи рушди давлатии «ВЭБ.РФ», «Ҳабиб Бонк»-и Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҶС «Бонки миллии фаъолияти иқитисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» оид ба дастовардҳои худ дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти бонкӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, пешгирии хавфҳо ва иқтисоди сабз (ESG) рӯнамоӣ ва маърӯзаҳо намуданд.
Дар баробари ин, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратии кишвар ва ширкатҳои ватанӣ ба монанди, ҶС «ЗИПЛ АИ», КВД БССТ «Саноатсодиротбонк», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСП «Фридом Бонк Тоҷикистон», ҶСП «Ҳумо Бонк», ҶСП «Душанбе Сити Банк» ва ҶСК «Алиф Бонк» низ оид ба дастовардҳои худ дар самтҳои рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, идоракунии хавфҳо ва ҳадафҳои минбаъдаи худ, бо рӯнамо баромад намуданд.
Қобили зикр аст, ки мавзӯъҳои мазкур барои таъмини рушди устувори низоми бонкӣ ва таҳкими иқтисоди рақамии кишварҳои узви СҲШ аҳамияти стратегии муҳим доранд.
Пас аз ба итмом расидани конфронси соҳавӣ, байни бонкҳои аъзои ИББ СҲШ, бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои ватанӣ мулоқотҳои дуҷониба баргузор гардиданд.
Боиси қайд аст, ки пас аз баргузории мулоқоти дуҷониба байни роҳбарияти Амонатбонк ва Элдикбонки Ҷумҳурии Қирғизистон, Ёддошти тафоҳум ва Харитаи роҳ оид ба ҳисоббаробаркуниҳои пардохтӣ, инфрасохтори амонатгузорӣ, рақамикунонӣ, амнияти иттилоот, пардохтҳои фаромарзӣ ва принсипҳои маблағгузории исломӣ ба имзо расонида шуданд.
Ҳадафи баргузор намудани чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Амонатбонк, ин пеш аз ҳама рушд додани табодули таҷриба байни бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва институтҳои молиявии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамчунин муҳайё намудани имкониятҳо оид ба дарёфти шарикони рушд бобати татбиқи ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки санаи 25 июли соли 2025 бо қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ қабул шудааст, ба шумор меравад.












