Шанбегии дастаҷамъонаи кормандони «Амонатбонк»
13 июн 2026
Покиву зебоипарастӣ, ободкориву бунёдкорӣ хоси миллати тамаддунофар ва қадимаи тоҷик дониста шуда, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию тозакорӣ ва сабзгардонии кучаҳои шаҳрамон ва гирду атрофи коргоҳ бо иштироки кормандони Раёсати “Амонатбонк” рӯзи шанбегӣ доир гардид.
Дар шанбегӣ аҳли кормандони Бонк дастаҷамъона иштирок намуда, дар тозаю озода кардани гирду атрофи коргоҳи хеш ва гузаргоҳ, нарм намудани бехи дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишии қаблан шинонидашуда саҳми бевоситаи худро гузоштанд.
Лозим ба зикр аст, кормандони Бонк дар баробари анҷом додани рисолати касбӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, дар корҳои ободонию ҷамъиятӣ низ саҳмгузор мебошанд.













