Мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбари Намояндагии Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 январ 2025

Санаи 20-уми январи соли ҷорӣ, дар бинои марказии Амонатбонк мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати Амонатбонк Салимзода Алиҷон Абдуҷалол бо роҳбари Намояндагии Бонки Таҷдид ва Рушди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел баргузор гардид.
Ҳадафи аслии мулоқоти дуҷониба, ин пеш аз ҳама густариш додани муносибатҳои молиявӣ байни Амонатбонк ва БАТР ба шумор меравад.
Дар рафти мулоқот масоили густариши ҳамкориҳо дар самтҳои ташкил намудани дарсҳои молиявӣ оид ба баланд бардоштани савияи дониши молиявии мутахассисони Бонк, гузаронидани амалиётҳои молиявӣ байни сохторҳои мухталифи бонкҳо ва доир намудани чорабинии Дарҳои кушоди БАТР дар Амонатбонк, мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.
Амонатбонк ва БАТР муносибатҳои худро дар сатҳи нав ба роҳ монда, нақша доранд, ки дар соли 2025, доираи фаъолияти молиявии муштаракро васеъ намуда, ба ҳадафҳои дар назди худ гузошта ноил гарданд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати равнақ додани ҳамкориҳои молиявии муштарак, иброз намуданд.