Семинари омўзишӣ дар мавзӯи "Истифодаи технологияи рақамӣ дар ҷаҳони муосир"
Санаи 06-уми феврали соли ҷорӣ дар толор-маҷлисгоҳи саридораи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои Нақшаи чорабиниҳои КВД БА ҶТ «Амонатбонк» оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар Паём ва дар ҳошияи эълон шудани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо иштироки кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои тобеъ доир ба мавзуи «Истифодаи технологияи рақамӣ дар ҷаҳони муосир семинари омўзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ доир ба мавзуи болозикр номзади илми иқтисод дотсент, мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии МД «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон - Раҳмонзода М.Н. баромад намуданд.
Зимни баромади худ Раҳмонзода Маҳмадалӣ вобаста ба эълон доштани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» суханронӣ намуда, қайд карданд, ки иқтисоди рақамӣ - як системаи муносибатҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва технологии байни давлат, ҷомеаи соҳибкорӣ ва шаҳрвандон мебошад, ки дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои рақамии шабакавӣ, тавлиди намудҳо ва шаклҳои истеҳсолот ва пешбурди рақамӣ амал мекунад.
Ҳамчунин, дар семинари мазкур оид ба технологияҳои асосӣ дар таълими фосилавӣ, системаҳои идоракунии таълим, технологияҳои интерактивӣ, тиҷорати электронӣ ва рақамӣ, инноватсия дар соҳаи маориф, пардохтҳои рақамӣ ва ғайра ба ҳозирин маълумот пешниҳод гардид.