Нишасти матбуотӣ дар “Амонатбонк”

07 феврал 2025

Санаи 07-уми феврали соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми соли 2024-ум баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, Раиси Раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А., муовини якуми Раиси Раёсат Худоёрзода Х.Б., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории саридораи Бонк ширкат варзиданд.

Дар оғози нишаст Раиси Раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А. бо рӯнамои мухтасар баромад намуда, ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми соли 2024 маълумот доданд.

Маълумотҳои пешниҳодгардида оид ба пардохтпазирии Бонк, дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, даромад, ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, фоизҳои ба аҳолӣ пардохтшуда, иқдомҳои қарзии Бонк ва қарзҳои ба аҳолӣ пешниҳодгардида, бақияи сандуқи қарзӣ, фаъолият дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ғайра иборат буд.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ дар навбати худ вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳои гуногун пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла оид ба барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва имкониятҳои он, иқдоми пешниҳоди қарз таҳти унвони “Орзуҳои солинавӣ”, қарзҳо барои рушди соҳаи сайёҳии мамлакат, фаъолияти банкоматҳо ва дастрас намудани пули нақд, иқдомҳо дар самти дастгирии занону бонувони соҳибкор, қарзҳои ипотекӣ, сабикаҳои ченакии тиллоии Бонки миллии Тоҷикистон, иқдомҳои Бонк дар самти «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидани солҳои 2025-2030 ва ғайра суолҳо пешниҳод гардид.

Нишасти матбуотӣ дар фазои озод барои ибрози андешаҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифта, дар он фаъолияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк