Семинари омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявии хонандагони МТМУ
Дар филиали Nº23-и КВД БА ҶТ«Амонатбонк" дар вилояти Суғд барои муштариёни навраси Бонк, толибилмони мактаби хусусии "Ворисони илм" - и шаҳри Бустон семинари омузишӣ дар мавзӯи "Хонае, ки пулҳо зиндагӣ доранд" гузаронида шуд.
Дар рафти семинари омӯзишӣ масъулини филиал дар мавзӯи “Пайдоиши пулҳо” ва “Даромад дар хона аз куҷост?” баромад намуда, видеороликҳои гуногунро дар ин мавзӯъ пешниҳоди ҳозирин карданд. Дар интиҳои семинар миёни иштирокдорон суолу ҷавоб сурат гирифта, ба онҳо туҳфаҳои брендии Бонк тақдим карда шуд.
Дар баробари пешниҳоди маърузаҳои ҷолиб ҳамзамон иштирокдорони семинар аз утоқҳои кории кормандони Бонк ва аз рафти фаъолияти онҳо аз наздик ошно гардиданд.
Мақсад аз баргузории семинари мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани саводнокии молиявии насли наврас ва муаррифии хизматрасониҳои бонкӣ ба толибилмон иборат буд.