Мулоқоти Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug)

24 июн 2022

Санаи 24 июни соли 2022, Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк», муҳтарам Икромӣ С.С. бо намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug), аз ҷумла роҳбари Лоиҳаи минтақавии «Мусоидат ба рушди деҳот ва дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» ҷаноби Михаил Бэк мулоқот намуд.

Зимни вохўрӣ нақшаҳои ояндаи ҳамкориҳои дуҷониба оид ба татбиқи Лоиҳаи мазкур баррасӣ гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки мақсади асосии Лоиҳаи минтақавии «Мусоидат ба рушди деҳот ва дастгирии соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон»-и Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (Sparkassenstiftug) ин дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ буда, Амонатбонк ҳамчун шарики боэътимод дар ин самт ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст.

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк