Сулҳу ваҳдат- пойдевори ҳастии миллат

24 июн 2022
Дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият ва доираи васеъи кормандон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк”  муҳтарам Икромӣ С.С. ҳозиринро бо санаи бисёр арзишманду таърихӣ, 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, ёдовар шуданд, ки Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.

Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва миллати тоҷик ба Ваҳдати миллӣ соҳиб гардид. Дар ин радиф Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ ба таҷрибаи ноил гардидани Тоҷикистон ба Ваҳдати миллӣ, баҳои баланд дода шуд.

Рудобаи Мукаррам Раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Сафаров Сайфулло Саъдуллоевич- Раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, прфессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон низ ба сухан баромада оид ба арзишу моҳияти сулҳу ваҳдат қайд карда, иброз доштанд, ки мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид.

Дар охир гуфта шуд, ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад. Вазифаи ҳар шахси бедордилу худогоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк