Иштироки Амонатбонк дар намоишгоҳи байналмилалию универсалии Тоҷикистон 2022.

24 июн 2022
Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии “Манеж” намоишгоҳи байналмилалию универсалии Тоҷикистон 2022 баргузор гардид.

Дар баробари дигар ширкату корхонаҳои саноатӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” низ дар намоишгоҳи мазкур фаъолона ширкат варзида, маҳсулотҳои соҳавии худро ба маъраз гузошт.

Аз ҷониби мутахассисони Амонатбонк ба мизоҷону меҳмонон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, аз қабили барномаи мобилии “Амонат-мобайл”, интернет-банкинг, намуди пасандозҳои бонк, қарзҳои имтиёзнок, кортҳо ва ғайра маълумот пешниҳод гардид.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк