Вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар НТҶ

25 июн 2022

Санаи 25 июни соли ҷорӣ, вохурии Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар НТҶ баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур, ҳайати роҳбарикунандаи филиалҳо, мутахассисон, кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Бонк иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” муҳтарам Икромӣ С.С. оғоз намуда, иттилоъ доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии кормандони марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ, риояи қатъии қоидаҳои одоби муошират бо мизоҷон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон, ҳамасола вохурии Раиси Раёсат бо мутахассисони Бонк дар шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад.

Дар вохурии мазкур аз бурду бохти фаъолияти МХБ-ҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ва муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бо таҳлилҳову пешниҳодҳо сардори идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҳақназарзода Ҷ. ҳисобот доданд. Маълумотҳо аз натиҷаи нишондиҳандаҳои марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ дар монитор тавассути рунамо пешкаши иштирокчиён гардид.

Қайд гардид, ки дар НТҶ 10-адад филиал бо теъдоди 107 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, аз ҷумла 2-адад хазинаи шабонарузӣ ва 2-адад бегоҳирӯзӣ ба аҳолии НТҶ хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ амалиётҳои гуногуни бонкӣ аз қабили интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, амалиётҳои хазинавӣ, қабули маблағҳои коммуналӣ, андозҳо, ҷаримаҳо, пардохт намудани маблағҳои нафақа ва кӯмакпулиҳо, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиётҳои бонкӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Раиси Раёсати бонк ҷиҳати зиёд намудани пайвастнамоӣ бо СМС-паёмак, истифодаи барномаи Амонат-мобайл, интернет-банкинг ва ривоҷ додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар хотима ба марказњои хизматрасонии бонкии беҳтарини филиалҳои Амонатбонк дар НТҶ, барои сањми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти соҳа ва мустаҳкам намудани мавқеи Бонк дар низоми бонкии кишвар бо гирифтани Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд:

- МХБ-и №683-и филиали №10-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Ҳисор;

- МХБ-и №685-и филиали №13-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯдакӣ;

- МХБ-и №693-и филиали №14-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Ваҳдат;

 

Аз ҷониби Раиси Раёсати БДА “ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. бори дигар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва таъмини хизматрасониҳои саривақтӣ ба мизоҷон, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қайд карда мешавад, ки вохуриҳои Раиси Раёсати Бонк бо кормандони филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамасола баргузор мегардад ва имсол низ ин иқдом бо тамоми кормандони филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” идома дорад.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк