Нишасти матбуотӣ дар “Амонатбонк”

05 август 2025

Санаи 05-уми августи соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми нимсолаи якуми соли 2025-ум баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, Раиси Раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А., муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории саридораи Бонк ширкат варзиданд.

Дар оғози нишаст Раиси Раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А. бо рӯнамои мухтасар баромад намуда, ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк давоми нимсолаи якуми соли 2025 маълумот доданд.

Маълумотҳои пешниҳодгардида оид ба пардохтпазирии Бонк, дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя, даромад, ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ, фоизҳои ба аҳолӣ пардохтшуда, иқдомҳои қарзии Бонк ва қарзҳои ба аҳолӣ пешниҳодгардида, бақияи сандуқи қарзӣ, фаъолият дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва ғайра иборат буд.

Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар низ дар навбати худ вобаста ба фаъолияти соҳа суолҳои гуногун пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла оид ба маҳсулотҳои қарзии Бонк, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ, тадбирҳо дар самти рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, сабикаҳои ченакии тиллоии БМТ, дастгирии саноати дохилӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти пешниҳоди қарз ва ғайра суолҳо пешниҳод гардид.

Нишасти матбуотӣ дар фазои озод барои ибрози андешаҳо ва саволу ҷавоб сурат гирифта, дар он фаъолияти Бонк ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк