Семинари омўзишӣ оид ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ».
Тибқи ҳамкориҳои тарафайни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони департаменту идораҳо, роҳбарон ва масъулони филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, семинари омўзишӣ оид ба риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» баргузор карда шуд.
Дар семинар Абдураҳмонзода Абдулхайр сардори раёсати ташкили коргузорӣ назорат ва кор бо кадрҳои Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» баромад намуда, қайд намуд,ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва системаи ҳифзи сирри давлатиро ба манфиати таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба мансуб донистани маълумот ба сирри давлатӣ махфигардонӣ, ихтиёрдорӣ, ҳифз ва ғайримахфигардонии онҳо танзим менамояд.
Ҳамчунин дар семинар кормандони дастгоҳи марказӣ Гулов Сабзалӣ ва Асозода Низомӣ дар мавриди риояи қатъии сирри бонкӣ ҳангоми фаъолияти ҳаррўзаи кормандон баромад намуда, дар бораи омўзиши ҳамаҷонибаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт пешниҳодҳои ҷолиб манзур намуданд.
Хадамоти матбуот ва рекламаи КВД БА ҶТ «Амонатбонк»













