Рӯзи саводнокии молиявӣ дар шаҳри Кӯлоб
Санаи 30-юми августи соли ҷорӣ дар назди бинои филиали №56-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар доираи "Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, Nº586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, “Рӯзи саводнокии молиявӣ” доир гардида, маҳсулотҳои бонкии “Амонатбонк” ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоишгоҳи мазкур масъулини Бонк ба мизоҷон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ алалхусус маҳсулотҳои қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, “Интернет-банкинг”, пардохти қулайи хизматрасониҳо тавассути барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва ғайра маълумот доданд.
Дар идомаи намоишгоҳ дар маҷлисгоҳи бинои филиали №56-и “Амонатбонк” мутахассисони КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо рӯнамо оид ба тарзу услуби истифодаи “Барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва “Меъёри фоизи қарзҳо” баромад намуда, ба иштирокдорон оид ба низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои пардохтӣ, “Интернет-банкинг”, маҳсулотҳои қарзӣ бо фоизҳои дастрас, талаботҳо барои гирифтани қарз ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.
Пас аз пешниҳоди рӯнамо миёни иштирокдорони чорабинӣ суолу ҷавоб сурат гирифта, ба хотири ҳававсмандгардонии онҳо аз ҷониби масъулини Бонк ба онҳо туҳфаҳои армуғонӣ тақдим гардид.
Боиси қайд аст, ки дар қисмати ниҳоии чорабинӣ корманди филиали №56-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Бобохонова Мунисо барои муносибати поквиҷдона, самимӣ, муомила ва муоширати воло бо мизоҷон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии “Ҳомиёни ватан” бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.