Рӯзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Санаи 04-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва иди касбии китобдорон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои қарзии кишвар, донишҷӯёни макотиби олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, рӯзи “Дарҳои боз” доир гардид.
Вобаста ба ин дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳои пурмазмун марбут ба адабиёти тоҷик ва аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ва дигар сохторҳои давлатӣ намоиши маҳсулоти соҳавӣ ва дастовардҳо ба маърази тамошо гузошта шуд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” низ ҳамчун яке аз ишгирокчиёни фаъоли чорабинии мазкур маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба намоиш гузошт.
Дар рафти намоиш ба ҳозирин оид ба маҳсулотҳои қарзӣ, кортҳои пардохтӣ, намуди пасандозҳо, хизматрасониҳои муфиди “Амонат-мобайл” ва тарзу услуби кории он, Интернет-банкинг ва ғайра маълумот пешниҳод гардид.
Дар қисмати дигари чорабинӣ масъулини Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба сухан баромада, иброз доштанд, ки китоб ганҷи бебаҳое мебошад, ки бо пайдоиши он ҷаҳони маънавии инсон низ дигаргун мегардад.
Аз ин рӯ агар ҷавонони мо ба китобхонаву китобхонӣ рӯ оранд, дар ин сурат бе шак гуфта метавонем, ки онҳо ҳамчун қувваи созанда ба камол мерасанд, зеро китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст.