Таҷлил аз ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатӣ дар “Амонатбонк”

06 сентябр 2024

Санаи 06-уми сентябри соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ., Раиси Раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А., муовини Раиси Раёсати Бонк Сафарзода Р.С. ва кормандони саридораи “Амонатбонк” ширкат варзиданд.

Нахуст муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. ҳозиринро бо ҷашни воқеъан таърихӣ ва арзишманд 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ неъмати бузургест, ки бо пайки хеш нуру зиё, меҳру вафо, ободию осоиштагии абадиро ба Тоҷикистони азиз эҳдо сохта, ҳамчун милодномаи таърихи навини тоҷикон шинохта шудааст.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон давоми 33 соли Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ҷаҳониии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.

Аз фаъолияти назарраси “Амонатбонк” ҳамчун бонки давлатӣ ва низомсоз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдоварӣ карда шуда, иброз гардид, ки нишондодҳои молиявии “Амонатбонк” сол то сол зиёд гардида, имрӯз дар низоми бонкии кишвар мавқеъи муайянро касб намудааст, ки ин бешак аз фаъолияти босамари ҳар як корманди  Бонк дарак медиҳад.

Сипас дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардори идораи муносибатҳои байналмилалӣ Раҳматзода Баҳром барои натиҷаи фаъолияти назаррас медали “Хизмати шоиста” тақдим гардид.

Дар идома Раиси Раёсати “Амонатбонк” Салимзода А.А. ба сухан баромада, кулли сокинони сарбаланду ватандӯсти кишвар ва ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни тақдирсоз самимона табрик гуфта, иброз доштанд, ки Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа мебошад.

Гуфта шуд, ки дастоварди  бузургтарини  мо дар  тӯли  33-соли Истиқлолият,  ки бо шарофати хиради азалии фарзандони фарзонаи тоҷик, бахусус азму иродаи қавӣ ва заҳмату талошҳои   Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст,  ин нигоҳ доштани фазои орому осуда дар кишвар мебошад. 

Бобати фаъолияти Бонк қайд шуд, ки “Амонатбонк” низ дар тули 33 соли даврони соҳибистиқлолӣ   ҷиҳати дастрасу қулай гардонидани хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳоди босифату саривақтии он кўшиши ҳамешагӣ намуда, бо фаъолияти назаррас эътимоди мардуми кишварро соҳиб гардида, ҳамчун бонкӣ мардумӣ шинохта шудааст.        

Яқин аст, ки пешравиҳои Бонк маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал  омадааст.

Ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати Бонк Юсупов Б. низ бобати таърихи ба даст овардани Истиқлолият сухан ронда, зикр намуд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, барои халқи тоҷик ва мардуми кишвар воқеан асри нав эҳёи давлатдории миллӣ ва ислоҳотҳои бузурги сиёсӣ ба шумор меравад.

Дар анҷоми чорабинӣ як қатор кормандони Бонк ба хотири саҳми босазо гузоштан дар рушди фаъолияти Бонк, мустаҳкам намудани мавқеи он дар низоми бонкӣ  ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Итифхорнома” ва “Раҳматнома” сарфароз гардонида шуданд. 

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк