Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк ” бо Нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуд.
06 декабри 2022
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия, ки ҳамасола санаи 7-уми декабр таҷлил мегардад, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. барои фаъолияти назаррасу ибратбахш ва саҳми арзанда дар рушду пешрафти кишвари маҳбубамон, алалхусус соҳаи молия ва иқтисодиёти мамлакат бо Нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шуд.