Шарҳу тавзеҳи мақола таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест»

07 декабри 2022
Санаи 6-уми декабри соли ҷорӣ дар Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки Роҳбарият ва аҳли кормандони Бонк оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳимтарини мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё  чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест» ҷаласа баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С.  ба ҳозирин дар бораи муҳтавои  мақола оид ба  «Мавқеи Тоҷикистон ё  чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест», ки оид ба моҳияти низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, сабаби ба миён омадани чунин ҳолат дар қисмати марзҳои байнидавлатӣ ва моҳияти мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала навишта шудааст, маълумоти муфассал доданд. 

Чуноне, ки аз нигоштаҳои Абдуллои Роҳнамо бармеоянд, низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки наздики сад сол боз идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст. 
Аз мақолаи мазкур, ки дар асоси пажӯҳиши асосҳои таърихӣ ва ҳуқуқии ин ихтилоф ва моҳияти далелу ҳуҷҷатҳои ҷониби Тоҷикистон барои асосноккунии мавқеи худ нигошта шудааст, маълум мегардад, ки Тоҷикистон дар ин низоъ на «кишвари таҷовузгар», балки маҳз ҷониби зарардида ва заминбохта мебошад. Зеро заминҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, аз назари таърихию қонунӣ маҳз ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Тоҷикистон ягон даъвое нисбати ягон порча аз қаламрави қонунии Қирғизистони ҳамсоя надорад ва танҳо мехоҳад заминҳои қонунии худро, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, баргардонад.

Гуфта шуд, ки мақсади асосии мақола  дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар масъалаҳои марзии байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Қирғизистон  ба ҳисоб меравад.  Мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамчун ватандӯсту  ватанпарасти ҳақиқӣ ҳамеша барои ҳифзи марзу бум ва якпорчагии Ватани азизамон – Тоҷикистон омода бошем. Ҳар як пораи кишвари маҳбубамонро  чун  гавҳараки  чашм ҳифз кунем. Зеро ин нангу номус ва  шарафи бузурги  ватандории ҳар яки мост.

Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк