Семинар дар мавзӯъи «Рушди устувор: Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ-ESG» барои кормандони Амонатбонк

29 апрел 2024

Санаҳои 18-19 апрели соли ҷорӣ гурўҳи кории Корпоратсияи рушди давлатии «ВЭБ.РФ» ҷиҳати баргузор намудани семинари муштарак дар мавзӯъи «Рушди устувор: Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ-ESG» барои кормандони Амонатбонк ба Бонк ташриф оварданд.

Дар кори семинар роҳбарият ва кормандони масъули сохторҳои дахлдори дастгоҳи марказии Амонатбонк иштирок намуда, оид ба ҷорӣ намудан ва рушд додани низоми Идоракунии экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ дар Бонк маълумотҳои муҳим аз бар намуданд.

Семинари мазкур бо ташаббуси роҳбарияти КВД БА ҶТ "Амонатбонк" баргузор гардида, дар он масъалаҳои барои ҷонибҳо муҳим мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар маҷмӯъ мавзӯъхое, ки дар рафти семинар мавриди баррасии иштирокдорон қарор дода шуданд, ба талаботҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир ҷавобгӯй буда, ҷиҳати дар ояндаи наздик ин самт ба роҳ мондани фаъолияти Амонатбонк ва филиалҳои он заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк