Тренинги омўзиши доир ба мавзўи «Баҳогузории амволи гарав»

29 апрел 2024

Дардоираи ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо ҶДММ «Маркази таълимӣ ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон» барои 20 нафар кормандони саридораи Бонк ва филиалҳои тобеъ, ки дар самти баҳогузории амволи гарави манқул ва ғайриманқул мувазаффанд санаҳои 25-26 апрели соли равон доир ба мавзўи «Баҳогузории амволи гарав», тренинги омўзишӣ баргузор гардид.

Тренингро мутахассиси баландихтисос ва ботаҷриба Каримбоев Каримҷон - сардори шуъбаи баҳогузории гаравҳои Бонки Эсхата гузаронида ба шунавандагон доир ба баҳогузории амволи ба гарав мегирифтаи ташкилотҳои қарзӣ ва фурўши молу мулки дар тавозун будаи бонкҳо маълумоти муфассал манзур намуд.

Дар интиҳои тренинг ба шунавандагон сертификат тақдим карда шуд.

Дар охир директори ҶДММ «Маркази таълимӣ ва рушди маблағгузории хурди Тоҷикистон» - Ибрагимова Гулноз ба Роҳбарияти Бонк ҷиҳати дар стҳи баланд ташкил намудани раванди тренинг изҳои сипос намуда, ҳамкориҳои чандинсолаи Бонкро бо Ҷамъият баланд арзёбӣ намуданд. Мавсуф, ҳамзамон иброз доштанд, ки мунтазам кормандони Амонатбонк дар дигар семинарҳо ва тренингҳои Ҷамъият , ки дар мавзўҳои мухталифи соҳаи бонкдорӣ ташкил ва гузаронида мешавад, иштирок менамоянд. “Бо боварӣ гуфта метавон, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда низ, идома дода хоҳанд шуд”, қайд намуд Ибрагимова Гулноз.

 

 


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк