Вохӯрии муовини раиси раёсати Амонатбонк бо Директори асосии амалиётии Корпоратсияи Байналмилалии Исломӣ оид ба Маблағгузории Савдо
19 сентябр 2024
Санаи 18 сентябри соли ҷорӣ, дар дастгоҳи марказии Амонатбонк мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк»» Ризвонзода Фирдавс Зикр бо Директори асосии амалиётии Корпоратсияи Байналмилалии Исломӣ оид ба Маблағгузории Савдо Назим Нурдали, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масоили рушд додани ҳамкориҳо дар самтҳои маблағгузории савдо, аккредитив, кушодани равзанаи бонкдории исломӣ ва бозомўзии мутахассисон дар ин самт, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ ва дигар намуди амалиётҳои молиявӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамкориҳоро густариш хоҳанд дод.