Иштироки Амонатбонк дар Фестивали саводнокии молиявӣ дар шаҳри Душанбе, 28.09.2024
29 сентябр 2024
Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар Театри академии давлатии Опера ва балети ба номи Садриддин Айни ва Боғи Куруши Кабир-и шаҳри Душанбе фестивали “Саводнокии молиявӣ”баргузор гардид. Фестивали мазкур бо мақсади иттилоотонии аҳолӣ аз хизматрасонҳои молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ буда, дар он ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавӣ ширкат варзиданд.
Дар доираи чорабинии мазкур нахуст намоишгоҳи маҳсулоти бонкӣ баргузор гардида, дар он масъулини Бонк ба мизоҷон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ алалхусус маҳсулотҳои қарзӣ, намуди пасандозҳо, кортҳои пардохтӣ, “Интернет-банкинг”, пардохти қулайи хизматрасониҳо тавассути барномаи мобилии “Амонат-мобайл” ва ғайра маълумот доданд.
Дар баробари ин дар рафти фестивал аз ҷониби кормандони Амонатбонк барои меҳмонону иштирокдорон бозии ҷолиби интелектуалӣ гузаронида шуда, ғолибони он бо тӯҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд.