“Забони миллат- ҳастии миллат”
Бахшида ба санаи таърихӣ ва гиромидошти забони давлатӣ, дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки муовини Раиси Раёсати Бонк Сафарзода Р. С., шоири халқии Тоҷикистон, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш ва аҳли кормандони Амонатбонк чорабинии тантанавӣ доир гашт. Дар оғоз муовини Раиси Раёсат Сафарзода Р.С. суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, табрику таҳният гуфта, зикр намуданд ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои дурахши дубораи забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имконияти фаровон муҳайё намуд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати мардуми дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад.
Тавре ҳамагон мушоҳида мекунем, дар ҳар маърӯзаву суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии забони тоҷикӣ аён мегарданд.
Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат ҳанӯз соли 2009 зикр намуда буданд, ки «забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб мешавад».
Дар ин як ҷумла сухан аз арзиши миллӣ, пояи давлатдории миллӣ, нишони возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи халқи тоҷик будани забони тоҷикӣ меравад.
Дар замони соҳибистиќлолї муҳиммияти муқаддасоти забони модарї дар асарҳои калидӣ ва оламшумули Пешвои миллат инъикоси пурвусъат ёфтаанд. Яъне китобҳои Роҳбари давлат худ таҷассумгар ва таҳкимбахши заминаҳои таърихӣ ва рушди забони тоҷикӣ мебошанд.
Махсусан асари дуҷилдаи «Забони миллат – ҳастии миллат», ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар бар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, оид ба рушду такомули минбаъдаи он пайваста чораҳои судмандро роҳандозӣ менамояд.
Воқеан, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Толиб Карими Озарахш низ бо таваҷҷуҳ ба таърихи бою пурғановати забони давлатӣ таъкид карданд, ки забони тоҷикӣ то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаи халқи тоҷик аз Исмоили Сомониву устод Рӯдакӣ то устод Айниву Бобоҷон Ғафуров ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рӯзгори мо расидааст.
Дар анҷоми чорабинӣ бошад кормандони фаъоли Бонк бо қироат намудани шеърҳои ноби тоҷикӣ дар васфи забони давлатӣ хотири ҳозиринро шод намуданд.