Иштироки Амонатбонк дар намоишгоҳи соҳаҳои истеҳсоливу хизматрасониҳо дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон.
14 октябр 2024
Саннаи 14.10.2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи соҳибкорон” конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар донишгоҳи мазкур дар доираи конфронс намоишгоҳи саҳаҳои истеҳсоливу хизматрасониҳо гузаронида шуд, Амонатбонк дар он гушаи хизматрасониҳои бонкиро
пешниҳоди иштирокчиён намуд.
Мутахассисони Амонатбонк ба мизоҷон оид ба хизматрасониҳои бонкӣ, низоми пардохти ғайринақдӣ, барномаи мобилии Амонат-мобайл, ҳамёнҳои электронӣ, маҳсулотҳои қарзӣ бо фоизҳои дастрас, талаботҳо барои гирифтани қарз ва ғайра маълумот пешниҳод намуданд.
Амонатбонк барои ҳамкориҳои судманд дар раванди ташкил ва баргузории Конфронси илмию амалии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар мавзуи “Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ” бо Симоснома қадрдонӣ гардид.