Хабарҳо

Поси хотираи қаҳрамонони миллат
19 июн 2026

Поси хотираи қаҳрамонони миллат

Санаи 19-уми июни соли ҷорӣ роҳбарияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ба хотири гиромидошти хотираи таърихии қаҳрамонони миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад дар оромгоҳи «Лучоб»-и шаҳри Душанбе бо гузоштани гулчанбар ба хотираи неки онҳо эҳтиром гузоштанд.


Шанбегии дастаҷамъонаи кормандони «Амонатбонк»
13 июн 2026

Шанбегии дастаҷамъонаи кормандони «Амонатбонк»

Покиву зебоипарастӣ, ободкориву бунёдкорӣ хоси миллати тамаддунофар ва қадимаи тоҷик дониста шуда, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию тозакорӣ ва сабзгардонии кучаҳои шаҳрамон ва гирду атрофи коргоҳ бо иштироки кормандони Раёсати “Амонатбонк” рӯзи шанбегӣ доир гардид.


Конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, пешгирии хавфҳо ва иқтисоди сабз (ESG)»
10 июн 2026

Конфронси соҳавии бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ) дар мавзӯи «Зеҳни сунъӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо, пешгирии хавфҳо ва иқтисоди сабз (ESG)»

Давоми моҳи октябри соли 2026, таҳти раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.


МЕХАНИЗМИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
08 июн 2026

МЕХАНИЗМИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Коррупсия амали номатлуб буда, боиси нигаронии ҷомеаи муосир гаштааст. Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди босуботи давлату миллат ва соҳаҳои мухталифи ҷомеа монеаҳои ҷиддиро ба вуҷуд меорад. Тазаккур бояд дод, ки ҳатто аксари мамлакатҳои абарқудрату пешрафтаи дунё аз афзун гардидани чунин амали номатлуб изҳори нигаронӣ менамоянд.


Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.
05 июн 2026

Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.

Санаи 05-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи "Hayat Regency"-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни  “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” ва “25 соҳибкорзани муваффақи Тоҷикистон”, ки бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк