Хабарҳо
Иштироки Амонатбонк дар фестивали “Саводнокии молиявӣ”
Ҷиҳати фарогирии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии истифодабарандагони чунин хизматрасониҳо, инчунин татбиқи босамари Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, Nº586 "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринакдӣ" бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон дар Боғи Куруши Кабир-и шаҳри Душанбе фестивали “Саводнокии молиявӣ” баргузор гардид.
Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияи Спитаменти вилояти Суғд
Дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонон ва муштариёни Бонк чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ доир гардид.
Иштироки ҳайати кории Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва таҳлилгарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ)
Иштироки ҳайати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар ҷаласаи ҳамоҳангсозон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки санаҳои 21–23 апрели соли 2026 дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, ба таҳкими ҳамкориҳои байнибонкӣ дар равандҳои молиявии минтақавӣ равона гардид.
Китобхонаи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ғолиби озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин”
Китобхонаи КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” аз рӯйи номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини идоравӣ” сазовори ҷойи дуюм гардида, бо дипломи МИҲД шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар ноҳияҳои Ш.Шоҳин ва Ванҷи ВМКБ
Дар доираи ҳафтаи байналмилалии молиявӣ (Global Money Week) дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар ноҳияи Ш.Шоҳин ва дар хонаи фарҳанги деҳаи Мотравини ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ бо иштироки масъулини раёсати Амонатбонк, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонон, кормандони муассисаҳои давлатӣ ва нафақагирон чорабинии маърифатӣ-омӯзишӣ гузаронида шуд.


















